ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» чор утоқи беморхонаи Деваштичро таъмир кард
Деваштич, Тоҷикистон, 30 апрели соли 2022 – Имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти «Terre des Hommes Germany” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич чаҳор утоқи кӯдаконаи навтаъмиршударо дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ӯтоқҳо дар доираи Лоиҳаи «Дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Садоқат» бо дастгирии молиявии Ташкилоти «TDH Germany” ба маблағи 25 000 евро татбиқ шуда истодааст ва саҳми кормандони беморхонаи баҳрабаранда ба маблағи тақрибан 10 000 сомонӣ таъмир карда шуданд. Лоиҳа аз 1 октябри соли 2021 оғоз шуда, то 30 сентябри соли 2022 идома меёбад.
«Мо аз он хушҳолем, ки фаъолияти худро оид ба беҳбуди иншооти иҷтимоӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тандурустӣ (Ҳадафи 3: Саломатии хуб ва некӯаҳволӣ) дар кишвар идома дода истодаем», - зикр намуд директори ТҶ «Садокат» хонум Нигора Негматуллоева. - «Мо ба Ташкилоти «TDH Germany” барои саховатмандӣ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, инчунин ба Маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳа миннатдории самимии худро изҳор менамоем».
Лоиҳа аз ду ҷузъ: рушди инфрасохтор ва омӯзишӣ иборат аст. Қисмати рушди инфрасохтор таъмири чор утоқи нав баистифодадодашударо дар бар гирифта, қисмати омӯзишӣ бошад аз 12 семинари дурӯза оид ба бемориҳои кӯдаконаи афзалиятнок дар байни 45 корманди соҳаи тиб аз ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан ва чаҳор маъракаи иттилоотонӣ оид ба ғизои солими кӯдак дар байни 200 нафар занҳои синни репродуктивӣ аз ноҳияи Деваштич иборат аст.
Ташкилоти «TDH Germany” аз он хушҳол аст, ки дар дастрас кардани муассисаҳои тиббӣ ба кӯдакони ноҳияи Деваштич ва инчунин такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ва аҳли ҷомеа саҳм гузошта истодааст. Мо ба шарики худ, Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» ва мақомоти беморхона барои татбиқи самараноки лоиҳа тавассути ҷалби тамоми ҷонибҳо изҳори сипос мекунем. Ҳар як кӯдак ба саломатӣ ва муҳити зист ҳуқуқ дорад,” - фармуд Крис Ҳарман аз Ташкилоти «TDH Germany”.
«Ман мехоҳам ба Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» барои дастгирии пайвастаашон самимона ташаккур гӯям. Ин сеюмин лоиҳаест, ки онҳо барои дастгирии беморхонаи мо аз соли 2019 инҷониб амалӣ мекунанд», - илова намуд Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ҷаноби Ҳазратқул Миров. – «Ин лоиҳа як қадами дигар дар самти беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ аст. Мехоҳам миннатдории самимии тамоми кормандони беморхонаро ба Ташкилоти «Terre des Hommes Germany» барои дастгирии молиявии назаррас ва ба дастаи кормандони фидокори ТҶ «Садоқат» барои саъю кӯшиши доимиашон барои беҳбуди шароити беморхона баён кунам».
Дар бораи ТҶ “Садоқат”
ТҶ “Садоқат” ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 2000-ум таъсис ёфта, дар Вазорати адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шудааст. Ҳадафи асосии ташкилот беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути фаъолият ва ҳамкории пурсамар мебошад. Ташкилот дар давоми 20 соли фаъолияти худ бо дастгирии ташкилотҳои гуногуни донорӣ тақрибан 25 лоиҳаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои занону ҷавонон, саломатии репродуктивӣ, тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани малакаҳои забони англисӣ, инчунин инфрасохтори муассисаҳои тандурустиву маориф татбиқ намудааст. Барои маълумоти муфассал дар бораи ташкилот ба сомонаи www.sadoqat.weebly.com ташриф оред.
Дар бораи Ташкилоти "Terre des hommes Germany»
Ташкилоти "Terre des hommes Germany» сохторе оид ба кӯмак ба кӯдакон аст, ки дар Олмон ҳамчун “terre des hommes Deutschland eV” ба қайд гирифта шуда, дар ш. Оснабрюк ҷойгир шудааст. Бо назари ҷаҳони осоишта ва одилона барои ҳамаи кӯдакон дар айни замон ва наслҳои оянда он дар қитъаҳои гуногун зиёда аз 50 сол инҷониб фаъолият мекунад. Ташкилот созмонҳои шарик ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишварҳои гуногун барои беҳбудии ҳамаи кӯдакон дастгирӣ мекунад. Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба сомонаи www.tdh.de ташриф оред.

Маълумот барои тамос:
ТҶ “Садоқат” 735610 Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан Тел: +992 92 938 21 00 Почтаи эл.: [email protected] Сомона: www.sadoqat.weebly.com |
Бо мо бимонед
www.facebook.com/ngosadoqattajikistan www.twitter.com/NSadoqat www.linkedin.com/ngosadoqat/ www.instagram.com/ngosadoqat/ www.tiktok.com/ngosadoqat/ |